Баёнияи 180 тан аз аҳли қалами кишварҳои форсизабон дар эътироз ба форсизудоии ВВС

© AP / Frank AugsteinBBC, архивное фото
BBC, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарҳангмадорони форсизабон дар номае эътирозӣ ба ВВС аз мудирони ин бунгоҳи хабарпарокании бритониёӣ хостанд барои кишваре, ки гаҳвораи забони форсӣ аст ва силсилае заррин аз шоъирони форсизабонро аз Саноӣ то Мавлавӣ дар худ парвариш дода, ҳувияттарошӣ накунад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Чанде пеш ин хабаргузорӣ номи сафҳаи афғонистониашро дар Фейсбук аз "BBC Afghanistan" ба "BBC Dari" тағйир дода буд, ки эътирози густардаи мухотабони он расонаро дар пай дошт. Мина Бектош, мудири ин бахш дар ВВС, дар баёнияе кӯтоҳ посух дод, ки ин раванд идома хоҳад ёфт ва қарор аст дарӣ ҷои форсиро дар ин бахш бигирад.

Президиум академии персидского языка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Истилоҳоти Фарҳангистони забону адаби форсӣ ҷаҳонӣ мешаванд

Дар эътироз ба ин иқдом беш аз 180 тан аз чеҳраҳои фарҳангӣ, адабӣ, донишгоҳӣ ва расонаии Эрону Афғонистону Тоҷикистон номае саркушода навишта ва аз мудирони ин бунгоҳи хабарпарокании бритониёӣ хостанд эътибори худро бо нақзи асли бетарафӣ ба хатар наандозад.

Дар ин нома гуфта мешавад, ки ВВС барои кишваре, ки гаҳвораи забони форсӣ аст ва бахше муҳим аз Хуросони Бузург будаву силсилае заррин аз шоъирони форсизабонро аз Саноӣ то Мавлавӣ дар худ парвариш дода, номи "форсӣ"-ро намеписандад ва ҳазф мекунад.

Имзокунандагони ин нома ёдоварӣ кардаанд, ки забони форсӣ дар Афғонистон то 50 сол пеш расман "форсӣ" номида мешуд, вале гурӯҳҳое ба манзури ҷудосозии гӯишварони форсии Афғонистон аз пайкараи форсизабонони ҷаҳон талош кардаанд номи расмии ин забонро ба "дарӣ" тағйир диҳанд, ки дар воқеъ номи дигари ҳамин забон аст.

Дар ин баёния таъкид шуда, ки баҳс дар ин бора, ки ин забон дарӣ бояд хонда шавад ё форсӣ мабҳасе илмӣ аст ва ВВС ҳамчун созмони хабарӣ марҷаъияти илмии лозим барои ҳаллу фасли ин мавзуъро надорад.

Онҳо таъкид кардаанд, ки вуруди ВВС ба ин ҷанҷоли забонӣ ва саркӯби ҳувиятӣ, на танҳо нақзи бетарафии ин созмон аст, балки ба ташдиди ихтилофҳо хоҳад анҷомид. Аз ин рӯ, ин созмон бояд аз иқдомоте, ки мумкин аст заминасози сар задани ихтилоф дар миёни мухотабон шавад, парҳез кунад.

Обложка книги медицинского словаря на разных языках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фарҳанги "Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ (форсӣ - инглисӣ - русӣ - тоҷикӣ)" мунташир шуд

Дар ин баёния тафовутҳои забони форсии роиҷ дар Эрону Афғонистон бо тафовутҳо миёни инглисии конодоӣ, устролиёӣ ва амрикоӣ ва тавофутҳо миёни гӯишҳои забонҳои арабӣ ва испониёӣ қиёс шуда ва гуфта шуда, ки агар ВВС ниёзе намебинад, ки барои ҳар як аз гӯишҳои гуногуни инглисӣ ва арабӣ ва испониёӣ бахше ҷудогона эҷод кунад, бадеҳист, ки эҷоди "ВВС Дарӣ" аз чашми гӯишварони забони форсӣ дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон иқдоме машкук ва тафриқаандозона дониста шавад.

Дар ин нома аз сервиси ҷаҳонии ВВС хоста шуда, ки фавран ва қатъан талошҳо барои тағйири номи бахши Афғонистон ба "BBC Dari"-ро боз дошта ва ангезаҳои воқеъии ин иқдомро пажӯҳиш кунад.

Аз ҷумлаи касоне, ки ин номаро имзо кардаанд, Дориюш Ошурӣ, Комрон Фонӣ, Маҳмуд Давлатободӣ, Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ, Алӣ Деҳбошӣ, Ҳасан Анӯша, Ҳумоюн Котузиён, Тураҷ Дарёӣ, Мужда Дақиқӣ ва Муҳсин Махмалбоф аз Эрон, Додфар Сипанто, Восиф Бохтарӣ, Раҳнавард Зарёб, Наҷиб Моил Ҳиравӣ, Козим Козимӣ, Ҳумайро Накҳат, Абутолиб Музаффарӣ аз Афғонистон ва Сафар Абдуллоҳ ва Шаҳзода Самарқандӣ аз Тоҷикистону Узбакистон ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0