Ҷумҳурии Озарбойҷон барои Тоҷикистон ҳавонавард омода хоҳад кард

Академияи миллии ҳавонавардии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон коршиноси фаннӣ дар заминаи ҳавонавардии кишварӣ омода хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ҷумҳурии Озарбойҷон омода аст барои Тоҷикистон дар заминаи ҳавонавардии кишварӣ коршиност омода кунад, гузориш медиҳад дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ.

Аэропорт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пизишки тоҷик мусофиреро дар ҳавопаймо наҷот дод

Созиш дар ин бора дар дидори Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Академияи миллии ҳавонавардии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ориф Пошоев ба даст омада, ки 14 ноябр дар Боку баргузор шудааст.

Дар ин дидор Рустам Солӣ ва Ориф Пошоев роҳҳои густариши ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаи омодасозии коршиносони ҳавонавардии кишварӣ, аз ҷумла омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Академияи миллии ҳавонавардии Озарбойҷонро баррасӣ карданд.

"Дар фарҷоми ин музокирот Ориф Пошоев омодагии донишгоҳашро барои ҷудо намудани даҳ саҳмия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар пояи коршиносӣ (дараҷаи бакалавр) дар риштаҳои мавриди ниёзи Тоҷикистон дар заминаи ҳавопаймоии кишварӣ эълом кард. Ҳамчунин ин донишгоҳ омода аст барои бозомӯзии коршиносони ҳавонавардии тоҷик саҳмия ҷудо кунад", — иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала