Пуштибонии молии давлат аз варзишҳои размӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешFight Nights Global, таджик Фарион Одилов против бойца FIGHT NIGHTS Давида Гладуна
Fight Nights Global, таджик Фарион Одилов против бойца FIGHT NIGHTS Давида Гладуна - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ниҳоду бунгоҳҳои варзишии давлатӣ дар Тоҷикистон аз пуштибонии молӣ ва омӯзиши бархе аз ҳунарҳои размӣ манъ шудаанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон пуштибонии молӣ аз 9 намуд варзиши размӣ барои ниҳоду бунгоҳҳои варзишии давлатӣ мамнуъ шуд, гузориш медиҳад хабаргузории "ТоҷикТА" бо такя ба манобеъаш дар Кумитаи умури ҷавонону варзиш. 

"Пуштибонии молӣ аз 9 намуд варзиши размӣ, аз ҷумла муштзании ҳирфаӣ, греплинг, ҳунарҳои размии таркибӣ (ММА), муборизаи қаҳрамонии ниҳоӣ (UFC), кикбоксинг, разми тан ба тан, разми ҳирфаӣ, new-full contact, панкратион, мамнуъ шудааст", — гуфта мешавад дар ин хабар.

Дар Душанбе зӯрозмоии Fight Nights Global баргузор шуд - Sputnik Тоҷикистон
Зӯрозмоии Fight Nights Global дар Душанбе

Ин тасмим муассисаҳои омӯзишии варзиширо шомил мешавад, ки дар бахшҳое аз онҳо омӯзиши ин намудҳои варзиши размӣ мамнуъ мешавад.

Қарор шуда, сармояеро, ки барои ин варзишҳо ҳазина мешуда, барои пуштибонии дигар намудҳои варзиш сарф хоҳанд кард. Чунончи, 70 дарсад аз ин сармоя барои густариши варзишҳои олимпӣ ва 15 дарсад барои рушди варзишҳои миллӣ ва ғайриолимпӣ ҳазина карда шавад.    

 

Лентаи хабарҳо
0