"Ӯзбекистон ҳаво йӯллари" парвозҳоро ба Тоҷикистон арзон кард

© SputnikБоинг 767
Боинг 767 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Парвозҳо ба як тараф Душанбе-Тошканд 676,5 сомонӣ ва Душанбе-Тошканд-Душанбе 1353 сомониро ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ширкати миллии Узбакистон "Роҳҳои ҳавоии Узбакистон" аз имрӯз нархи  парвҳоро ба Тоҷикистон боз арзонтар кард.

Тавре маркази матбуотии ширкат хабар медиҳад, парвоз ба як тараф Душанбе-Тошканд 676,5 сомонӣ ва  парвоз ба Душанбе-Тошканд-Душанбе 1353 сомонӣ шуданд.

Бояд қайд кард, ки ширкат бори савум аст, ки нархи парвозро ба самти Душанбе-Тошканд-Душанбе поён мекунад.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Тоҷик Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба Сургут барқарор мекунад

Намояндаи ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" гуфтааст, мақсади поён бурдани нархи парвоз ҷалби бештари мусофирон ба хатсайр мебошад.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои Душанбеву Тошканд пас аз 25 сол 11-уми апрели соли 2017 барқарор шуданд. Ширкати "Сомон-Эйр" низ ба ин самт хатсайр созмон додаст.

Лентаи хабарҳо
0