Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро ба истифода дод

© Пресс-служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони навбати дуюми корхона 5 августи соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои сафари кишвардори Тоҷикистон ба вилояти Суғд ба итмом расидааст

ДУШАНБЕ, 18  ноя — Sputnik. Барои бунёди корхонаи дуюм 15 миллион сомонӣ, аз ҷумла 10 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот сарф шудааст. Сармояи оинномавии корхона наздики 5 миллион доллари амрико мебошад. Коргоҳҳои якуму дуюм дар масоҳати 5,6 гектар бунёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон д ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғд Пак" ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, гузориш медиҳад дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии коргоҳ 30 миллион дона халта дар як сол ва бо дарназардошти ба кор андохтани ҳамаи иқтидорҳо 60 миллион дона халта дар як сол мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли таъсис то 8 моҳи соли 2017 — 12,8 миллион донаро ташкил намуд. Халтаҳо барои бор кардани орду семент истеҳсол карда мешаванд. Дар коргоҳи мазкур 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Гуфта мешавад, моҳи октябри соли 2013 корхонаи аввали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғд Пак" ба фаъолият оғоз карда буд.     ҳои воридотивазкунандаи босифат тадбирҳо меандешанд.

"Дар корхонаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғд Пак" 71 адад дастгоҳҳои бофандагӣ, 8 адад дастгоҳи рангубор ва халтадӯзӣ, ҳамагӣ 79 адад дастгоҳи истеҳсоли Чин ва мамлакатҳои Тайвану Олмон насб карда шудааст"- омадааст дар гузориш.

Въезд в таджикский город Канибадам - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар 8 моҳи соли 2017 корхона 1,5 миллион сомонӣ андоз супоридааст, ки барои ғанӣ гардидани буҷаи шаҳри Бӯстон саҳми арзанда мебошад.

Баъди шиносоии пурра бо шароити кор ва сифати маҳсулоти истеҳсолгардида Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон барои обод кардани як гушаи диёр, саҳми муносиб дар раванди саноатикунонии кишвар баҳои арзанда дод.

Дастур дода шуд, ки чун маҳсулоти корхона ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ба Қазоқистон, Русия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо содирот мегардад, ба сифати он аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0