Русия шартномаи пардохти ҳаққи бознишастагии муҳоҷирони тоҷикро омода мекунад

© AP Photo/Sergey PonomarevСтарик , архивное фото
Старик , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шартнома дар бораи додани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирон аз Озарбойҷон, Молдова ва Тоҷикистон дар асоси принсипи нисбият омода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазири кори Русия Максим Топилин, пешниҳод карда, ки шартномаи пардохти ҳаққи бознишастагӣ миёни кишварҳои фиристандаи қувваи корӣ ва Русия бар асоси нисбият, чун миёни Русияву Белорус омода карда шавад.

"Бо чунин шартномаҳо ҳаққи бознишастагии муҳоҷире, ки дар кишвари хориҷ кор кардааст ҳамчун содирот ба Ватанаш равон карда шуда, онҷо ба бознишаста дода мешавад", — гуфт Топилин.

Глава Ассоциации исследователей государственной политики и государственного управления в Таджикистане Михаил Петрушков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кӣ ҳаққи бознишастагии муҳоҷирони тоҷикро пардохт мекунад: коршинос

Ба гуфти ӯ принсипи нисбият-содироти ҳаққи бознишастагиро  аз кишвари қувваи корӣ қабулкунанда ба кишвари қувваи корӣ фиристандаро дар назар дорад".

Дар баробари ин ҳар яке аз ин кишварҳо қисме аз маблағи бимаи тиббӣ ё ҳаққи бознишастагиро дар асоси таҷрибаи кории бознишаста пардохт хоҳад кард. Ҳаққи бознишастагӣ аз ҷониби ҳар яке аз кишварҳо бар ассоси қанонини худи кишвар пардохт мешавад.

"Чунин навъи шартнома солҳост миёни Русия ва Белорус корбурд дорад. Шартномаи бар асоси принсипи нисбиятро мо дар ҳоли ҳозир миёни Русияву Озарбойҷон, Молдова ва Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисоди УруОсиё-Арманистон, Қазоқистон, Белорус ва Қирғизистон муҳокима дорем", — илова кард Топилин.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон ҳаққи бознишасгатӣ талаб дорад. Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ қасд дорад, ки то соли 2018 бо Русия дар масоили додани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирони тоҷик ба мувофиқа расад.

"Мо мехоҳем то поёни соли равон нуқтаи охири кори ин масъаларо гузорем ва тарҳи қарордодро омода кунем. Имзо шудани ин қарордод ба муҳоҷирон ҳуқуқи гирифтани ҳаққи бознишастагиро дар Русия фароҳам меорад", — гуфт намояндаи вазорат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин манбаъ ҳамзамон ёдоварӣ кард, ки ҳаққи бознишастагиро танҳо муҳоҷироне метавонанд дарёфт кунанд, ки дар қаламрави Русия буду бош ва кору фаъолияти қонунӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала