Криштиану Роналду рӯзи ҷашни домодияшро эълом кард

© Фото : InstagramКриштиану Роналду
Криштиану Роналду - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбози машҳури ҷаҳон Криштиану Роналду рӯзи ҷашни домодияшро эълом кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Футболбози 31-сола Криштиану Роналду бо Ҷорҷинӣ Родригеси 27-сола ақди ҳамсарӣ хоҳад баст.

Футболбози дастаҳои мунтахаби Португалия ва "Реал" Мадрид Криштиану Роналду бо мудели испониёӣ Ҷорҷинӣ Родригес издивоҷ мекунад.

Дар ин бора Р-Спорт бо такя ба рӯзномаи Correio de Manha хабар медиҳад.

Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод

Ҷашни арӯсиву домодии Ҷорҷинӣ ва Криштиану пас аз Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2018 — дар моҳи август баргузор хоҳад шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 12 ноябри соли равон Криштиану барои бори чаҳорум фазанддор шуд. Ин бор Родригес аз Криштиану духтарча ба дунё овард. Ин ҷуфт духтарашонро Алана Мартина номид.

Ин футболбози номӣ он замон дар сафҳаи Instagramаш навишта буд: "Алана Мартина ба дунё омад. Модару духтар саломатанд! Мо хеле хушбахтем".

© Фото : InstagramКриштиану ва ҳамсари ояндааш
Криштиану ва ҳамсари ояндааш - Sputnik Тоҷикистон
Криштиану ва ҳамсари ояндааш
Лентаи хабарҳо
0