Баҳрабардорӣ аз об: кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд ҳамоиш мекунанд

© SputnikРека Варзоп, архивное фото
Река Варзоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндаҳои кишварҳои Осиёи Маркзӣ ва созмонҳои байналмилаливу коршиносон дар ҳамоише дар Тошканд масоили баҳрабардорӣ аз обро баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "УзА", ин ҳамоиш 23 — 24 ноябр ба муносибати роҳандозии Кумисюни байнидавлатии ҳамоҳангсозии баҳрабардорӣ аз об дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Пустыня на месте Аральского моря, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи эҳёи дарёи Аралро омода мекунанд

Дар кори ин ҳамоиш, ки "25 соли ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баҳрагирӣ аз об: таҷриба ва ҳадафҳои оянда" унвон шудааст, намояндаҳои вазоратҳои обу обёрӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Бунёди байнамилалии наҷоти Арал, созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва коршиносону донишмандон ширкат хоҳанд кард.

Аз Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҳайъате ба раҳбарии муовини аввали вазири нерӯ ва захираҳои об Султон Раҳимзода ширкат хоҳад кард.

Кумисюни байнидавлатии ҳамоҳангсозии баҳрабардорӣ аз об дар Осиёи Марказӣ 18 феврали соли 1992 дар шаҳри Алмаато бунёдгузорӣ шуда буд. Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаи бунёди ин ниҳодро дар нишасте, ки 26 марти соли 1993 дар Қизилӯрда баргузор шуда буд, тасвиб карда буданд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала