Душанбе - Боку: парвози мустақим ва ҳамкорӣ дар заминаи тавлиди алюминий

© Официальный сайт / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои тоҷикистонӣ ва озарбойҷонӣ чанд қарордоди ҳамкорӣ дар заминаҳои мусофирбарии ҳавоӣ ва хариду фурӯши фаровардаҳои нафтӣ ва алюминӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор доданд дар чанд замина ҳамкорияшонро густариш диҳанд.

Ба гузориши сафорати Тоҷикистон дар Боку, чанде пеш ҳайъате аз масъулини ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва намояндаҳои "Ширкати алюминии тоҷик" (ТАЛКО) дар пойтахти Озарбойҷон бо вазири иқтисод Шоҳин Мустафоев, раҳбари ширкати "Роҳи оҳани Озарбойҷон" Ҷовид Қурбонов, раҳбари ширкати киштигардии дарёи Хазар Рауф Валиев, мудири кулли ширкати алюминии DET-Al Сархон Бобоев ва муовини раиси ширкати нафтугозии SOCAR Довуд Муҳаммадов дидору гуфтугӯ кард. 

Курсантки авиационного училища, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурии Озарбойҷон барои Тоҷикистон ҳавонавард омода хоҳад кард

Дар паи ин музокирот ширкатҳои "ТАЛКО" ва "DET-Al" қарор доданд, ки ширкати озарбойҷонӣ сар аз моҳи декабр ба корхонаи алюминии Тоҷикистон моҳиёна 3 то 7 ҳазор тон кокси нафтӣ таҳвил дода ва аз Тоҷикистон анод, криолит, флюорит ва алюминии сонавия таҳвил хоҳад гирифт.

Ҳамзамон ширкатҳои "ТАЛКО" ва "DET-Al" қарордоде низ имзо карданд, ки бар асоси он корхонаи тавлиди гилхоки Ганҷа дар Озарбойҷон бо равиши "пардохти маводи хоми хориҷӣ" ва бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ аз тарафи ТАЛКО дар соли 2018 дубора роҳандозӣ шуда ва сипас гилхокро ба Тоҷикистон бо нархи муносиб таҳвил бидиҳад.

Ҳамчунин масъулини "Сомон Эйр" ва ширкати ҳавопаймоии "AZAL" барои роҳандозии парвоз дар масири Душанбе — Боку — Франкфурт — Боку — Душанбе музокира карданд.

Аз равобити умумии "Сомон Эйр" ба хабаргузории Sputnik гуфтанд, ки ҳамакнун тарафҳо масоили фаннии роҳандозии парвозҳо, фурӯши билетҳо ва таҳияву танзими қарордоҳои мусофирбарии миёнхаттӣ (interline agreement) ва қарордоди намоди муштаракро (Codeshare agreement) баррасӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0