Сергей Лавров: Тоҷикистон ҳам ба Иттиҳоди иқтисодии Уросиё мепайвандад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров, архивное фото
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия аз дурнамои пайвастани Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба Иттиҳоди иқтисодии Уруосиё гуфт

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Сергей Лавров гуфт, масоили пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Уруосиё баррасӣ мешаванд.

"Русия аз пайвастани Озарбойҷон ба Иттиҳоди иқтисодии Уросиё истиқбол хоҳад кард. Ин як иттиҳоди бози интегролӣ аст ва аз пайвастани кишварҳои нав ҳамеша истиқбол хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир имконоти пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон баррасӣ мешавад", — гуфт Лавров дар дидор бо донишҷӯёни донишгоҳи дипломатии шаҳри Боку, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА ба нақл аз КазТАГ.

Новорожденные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бэйби буми тоҷикӣ ё Душанбе аз пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё чӣ суд мебинад?

Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарии Русия ва Озарбойҷон, Лавров гуфта, "бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хостори роҳандозии равобити ҳамкорӣ бо ин иттиҳод ҳастанд".

Вазири умури хориҷии Русия афзуда, "кишварҳое дар навбат истодаанд, то дар мавриди минтақаи озоди бозаргонӣ тавофуқ кунанд. Дар зимн, Иттиҳоди Урупо аз роҳандозии иртибот бо ИИУ худдорӣ мекунад. Онҳо худро муҷозот мекунанд, мо низ аз ин бурд нахоҳем кард. Набояд барои рақобат бо дигарон бошгоҳҳои пӯшида иҷод кард".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала