Пардохти нафақаи маъюбон дар Тоҷикистон қатъ шуд

Зиёда аз 3,5 ҳазор маъюб аз ҳаққи гирифтани нафақа муваққатан маҳрум шуданд. Барои барқарор кардани нафақаашон онҳо бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон пардрохти нафақа ба 3,5 маъюб муваққатан қатъ гардид, хабар медиҳад ТоҷикТА.

"Мутобиқи фармонҳои якҷояи Ожонси бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ва бонки давлатии "Амонатбонк" пардохти ҳаққи бознишатагӣ ба 3580 нафар муваққатан бозистонда шуд", — омадааст дар хабар.

Пенсионерка выиграла в лотерею рекордные 506 миллионов рублей - Sputnik Тоҷикистон
Нафақахӯри 63-сола дар бахтозмоиш 506 миллион рубл бурд кард (НАВОР)

Қайд карда мешавад, ки ин бознишастагони маъюб барои барқарор кардани ҳуқуқи дарёфти нафақа бояд бори дигар аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Дар кишвар дар кулл 147 ҳазор нафар нафақаи иҷтимоии маъюбӣ дарёфт мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Русия шартномаи пардохти ҳаққи бознишастагии муҳоҷирони тоҷикро омода мекунад.

Шартнома дар бораи додани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирон аз Озарбойҷон, Молдова ва Тоҷикистон дар асоси принсипи нисбият омода хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала