Вазири фарҳанг: дар Тоҷикистон беш аз 3 000 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст

© Sputnik / АМир ИсаевШамсиддин Орумбекзода на пресс-конференции Министерства культуры РТ
Шамсиддин Орумбекзода на пресс-конференции Министерства культуры РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони исломӣ, омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (ISESCO) дар шаҳри Хартуми Судон иштирок дорад

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони исломӣ ширкат дорад.

Бино бар иттилои манбаъ, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ин ҷаласа дар бораи ҷойгоҳи дини ислом дар Тоҷикистон ва ёдгориҳои таърихиву фарҳанги исломӣ дар кишвар суханронӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ, омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (ISESCO) дар шаҳри Хартуми Судон аз 21-уми ноябр то 23-уми ноябр баргузор мешавад.

Вазири фарҳанг ҳангоми  суханронӣ дар ин ҷаласа гуфт, ки Тоҷикистон нисбати созмонҳову иттиҳодияҳои динӣ назари мусбат дорад.

"Илова бар ин, мардуми тоҷик баъд аз зуҳури Ислом ба ин дини ҷаҳонӣ эътиқод дошта, айни замон беш аз 97 дарсади ҷомеаи Тоҷикистонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Арзишҳои миллии мардуми тоҷик бо арзишҳои исломӣ созгор буда, пайваста дар як масир қарор доранд", — таъкид кард ӯ.

Орумбекзода афзуд, дар Тоҷикистон беш аз 3 000 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст, ки бештар аз 120-тояшон аз ёдгориҳои исломӣ ҳастанд.

"Яъне, ин миқдор ёдгориҳои исломро мақбараву, мадраса ва масҷидҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо таърихи хеле кӯҳан доранд масалан: Мақбараи Хоҷа Машҳад — 1200-сол, мақбараи Муҳаммад Башоро — 900 сол, Мақбараи Хоҷа Нақшрон 800- сол, масҷиди Шоҳи Хомуш — 800 сол, масҷиди Дур — Дур 300 — сол, Мақбараи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ — 700- сол ва бозёфти китоби "Қуръон" аз Қалъаи Ҳулбук асри 9 ва ғайраҳо аз қабили онҳо мебошанд",- гуфт вай.

Фестиваль плова и цветов в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои таърихии ИДМ дохил шуд

Ба қавли вазири фарҳанги Тоҷикистон, теъдоди масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта дар кишвар зиёд мешавад ва ҷавонон дар донишгоҳи исломӣ озодона таҳсил мекнунанд.

"Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва иттиҳодияҳои динӣ ба 4 998 адад расида, ҳамзамон, дари Донишкадаи исломии Имоми Аъзам барои донишҷӯён боз буда, ҳамасола донишҷӯён ҷиҳати таҳсил ба он дохил мешаванд",- қайд кард ӯ.

Дар охир Шамсиддин Орумбекзода таъкид дошт, ки Тоҷикистон дини исломро дини сулҳ медонад ва муқобили ҳама гуна зуҳуроти ифротгароиву терористист, ки аз номи дини мубини Ислом истифода мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0