Омӯзгори дардмандеро ба дастури Путин барои дармон аз Норак ба Маскав оварданд

© Фото : Youtube / The World of Russian Weapons / МИР РУССКОГО ОРУЖИЯВоенные медики эвакуировали учительницу русского языка из Таджикистана на лечение в Москву
Военные медики эвакуировали учительницу русского языка из Таджикистана на лечение в Москву - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писари ин омӯзгор ба даргоҳи электронии раисҷумҳури Русия нома навиштаву аз Владимир Путин ёрӣ хоста буд. Пизишкони пойгоҳи низомии 201 ба ёрии онҳо шитофтанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Пизишкони низомии пойгоҳи 201 омӯзгори забони русӣ Светлана Рубтсоваро барои дармон аз Тоҷикистон ба Русия бурданд.

Ба гузориши равобити умумии пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, Светлан Рубтсова беш аз 25 сол боз забону адабиёти русиро дар яке аз дабиристонҳои Тоҷикистон омӯзиш медиҳад. Чанде пеш вай дар паи пешомади нохуше устухони ронашро шикаста ва аз роҳ рафтан монда буд. наздиктарин хешовандонаш дар Белорус зиндагӣ мекунанд.

"Писари Рубтсова ба даргоҳи электронии раисҷумҳури Русия нома навиштаву аз Владимир Путин ёрӣ хоста буд. Пизишкони пойгоҳи низомии 201 ба ёрии онҳо шитофтанд", — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Пизишкон дармонҷӯро муоина карда ва тасмим гирифтанд, ки омӯзгорро барои табобат ба Русия бибаранд. Имрӯз ӯро дар Бемористони марказии низомии Вишневский дар вилояти Маскав мунтазир ҳастанд.

"Гурӯҳе аз пизишкон ин омӯзгорро аз Душанбе ба Екатеринбург бурданд ва имрӯз ӯро бо ҳавопаймои Нерӯҳои ҳавоии Русия ба Маскав хоҳанд овард. Коршиносон шиддати вазъи саломати Светлана Рубтсоваро миёна арзёбӣ кардаанд", — мегӯянд пизишкони низомӣ.

Пас аз баррасии дубора дар бемористони низомӣ омӯзгор дар он бистарӣ ва дармон карда хоҳад шуд.

Светлана Рубтсова дар солҳои 1999 — 2015 дар дабиристоне дар шаҳри Норак омӯзгорӣ мекард. Ӯ фарзандони низомиёни рус ва тоҷикеро, ки дар поишгоҳи кайҳонии "Окно" кор мекунанд, забону адабиёти русӣ меомӯхт.  

Лентаи хабарҳо
0