Шикоят доред?: Дар Конибодом ҳам шумораи тамоси мустақим фаъол шуд

CC BY 2.0 / Pittaya Sroilong / Nexus OneСмартфон, архивное фото
Смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки зимни муроҷиат одоби муоширатро риоя намоянд. Зеро ҳар як паёмак ( SMS) таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр қарор мегирад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Конибодом ҳам шумораи тамоси мустақим пайваст шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон тартиби нави қабули арзу шикоят ва дархостҳоро ҷорӣ намуд.

Тибқи тартиботи нав минбаъд сокинони шаҳр имкон доранд ба раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо тариқи паёмакҳои телефонӣ (SMS) муроҷиат намуда, ба суоли хеш ҷавоб бигиранд. Сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо эълони ин хабар рақами телефони роҳбарони идораҳои зеринро пешниҳоди сокинон намудааст:
Ҷамоати деҳоти Пӯлодон — 93 904 09 64
Ҷамоати деҳоти Ортиқов — 92 931 70 70
Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ — 92 824 29 80
Ҷамоати деҳоти Патар — 92 820 44 87
Ҷамоати деҳоти Шарифов — 92 929 50 77
Беморхонаи марказӣ — 92 808 18 32
Нозироти андоз — 92 666 17 39
Кумитаи замин — 92 992 07 74
Раёсати маориф — 92 733 20 34
Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ — 77 703 65 76
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки зимни муроҷиат одоби муоширатро риоя намоянд. Зеро ҳар як паёмак (SMS) таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Исфара ҳам бо мақсади густариши робитаи мустақим бо аҳолӣ ва омӯзиши афкори умум почтаи электронии худро фаъол гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0