Русия шумораи квотаҳоро барои гирифтани шаҳрвандӣ коҳиш медиҳад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи имтиёзҳои ҷудошуда нисбат ба соли гузашта 19 800 квота камтар мебошад. Ин қарор бо назардошти вазъи иқтисодиву муҳоҷиратӣ дар минтақаҳои кишвар қабул карда шудааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дастур дод, ки дар  2018 шумораи квотаҳо барои гирифтани иҷозатномаи истиқоматии муваққатӣ (РВП) кам карда  шавад. 

Тавре дафтари матбуотии Кабинети вазирони Русия хабар медиҳад, мувофиқи фармони сарвазир барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар соли 2018  90 ҳазору 360 квота ҷудо мешавад, ки  нисбат ба соли гузашта камтар аст.

Шаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба 600 нафар дар арафаи истиқлолият шаҳрвандӣ медиҳад

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки имтиёзҳои ҷудошуда назар ба соли 2017 — 19 800 квота камтар  аст.

Гуфта мешавад, ин қарор бо назардошти вазъи иқтисодиву муҳоҷиратӣ дар минтақаҳои кишвар қабул  шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Маҷлиси намояндагони шаҳри Маскав дар ҷаласае, ки 25 октябр баргузор шуд, тарҳи афзоиши 7-дарсадии арзиши патентро тасвиб кард. Аз ин пас муҳоҷирони корӣ барои дарёфти муваҷҷизи кор дар шаҳри Маскав бояд моҳона 4 500 рубл пардохт кунанд.

Ин иқдом бо пешниҳоди шаҳрдори Маскав Сергей Собянин сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала