Садриддин Наҷмиддин: Кароматуллоҳ Қурбонро душманони миллат аз миёни мо бурданд

© Фото : Аккаунт в Facebook Sadriddin NadzhmudinovПевец Садриддини Начмиддин
Певец Садриддини Начмиддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхон навореро ҳангоми зиёрати қабри Кароматуллои Қурбон омода карда, зодрӯзи ҳунарманди зиндаёдро ба тамоми мухлисонаш муборакбод гуфтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Овозхони номдор Садриддин Наҷмиддин дар сафҳаи фейсбукиаш зодрӯзи Кароматуллоҳ Қурбонро табрик гуфтааст. Вай менависад "Таваллуд муборак, Устоди Зиндаёдам".

Овозхон навореро, ки соли гузашта  дар сари қабри Кароматуллоҳ Қурбон омода кардааст дар сафҳааш мунташир кардааст.

"Салом ба ҳама дӯстон. Зодрӯзи устод муборак бошад. Агар мебуданд, 55-сола мешуданд. Афсӯс душманони миллат устодро аз байни мо бурданд. Худоё ҷояшон ҷаннат бошад", — навиштааст вай.

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд писари Кароматуллоҳ Қурбон — Муҳаммадрофӣ ба муносибати 56-умин солгарди зодрӯзи падараш барномаи консертӣ пешниҳод мекунад.

Садриддин Наҷмиддин яке аз овозхонҳои машҳури тоҷик аст, ки Кароматуллоҳ Қурбонро устоди худ мешуморанд.

Соли гузашта Садриддин Наҷмиддин бо овозхони шинохтаи афғонӣ Ғизол Иноят таронаи "Ҷони ман"-и Кароматуллоҳ Қурбонро бозхонӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0