Tajikistan, fill the friendship: Дар Тоҷикистон торномаи миллии гардишгарӣ фаъол шуд

© Фото : МИД РТПосещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем
Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гардишгарони хориҷӣ метавонанд аз ин даргоҳ ё портал маълумоти лозимаро дарёфт кунанд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон портал ё даргоҳи миллии гардишгарӣ фаъол шуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода гуфт, даргоҳи миллӣ барои иттилоърасонии дақиқ ва саҳеҳ ба гардишгарони дохиливу хориҷӣ воситаи муҳиме ба шумор меравад.

"Пас аз муаррифӣ ва ба кор даромадани ин даргоҳ, он ба Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ (United Nations World Tourism Organization) пешниҳод карда мешавад ва тавассути ин Созмон расман ба 158 кишвари узви комилҳуқуқи Созмон ва 509 анҷуману созмонҳои байналмилалии узви вобастаи СҶГ муаррифӣ карда мешавад", — мегӯяд вай.

Даргоҳ ҳамакнун ба се забон барои корбарони интернет дастрас аст.

Дар ин даргоҳ қавонини будубош, дастрас кардани раводид, фарҳангу таърих ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, иқлим, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, хатсайрҳои ҳавоӣ, ҳунарҳои дастию армуғонҳо ва дигар маълумоти муҳим мебошад.

Дар портал айни замон зиёда аз 20 ширкати сайёҳӣ, як қатор осоишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ҷой дода шудаанд, ки тавассути онҳо сайёҳон ва дигар ҳавасмандон метавонанд мустақиман ба сомонаи ин ширкатҳо ворид шаванд.

Лентаи хабарҳо
0