Радабандии кишварҳои пешрафта: маориф ва амнияти ҶТ хуб арзёбӣ шуд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкЖители города Душанбе. Архивное фото
Жители города Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумоти ин раддабандӣ соҳаи маориф ва амният нисбат ба дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон рушд ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои пешрафта, ки Бунгоҳи таҳлили британии "Институт Legatum" барои соли 2017 омода кардааст, 102-умин ҷойгоҳро дарёфт кардааст.

Бино ба додаҳои ин бунгоҳ, Тоҷикистон дар бахши омӯзишу парвариш дар миёни кишварҳои ҷаҳон 54-ум ва дар бахши амнияту дифоъ 49-ум ҷойгоҳро гирифтааст.

Дар ин гузориш ёдоварӣ мешавад, ки Тоҷикистон порсол дар радаи 100-ум қарор дошт.

Дар ин радабандӣ Русия дар ҷойгоҳи 101-ум ҷой гирифта ва Қирғизистон дар мақоми 82-ум, Қазоқистон дар мақоми 72-ум ва Белорус дар мақоми 95-ум қарор доранд.

Ҷойҳои аввалро Норвегия, Финландия ва Зеландияи Нав гирифтанд.

Ба натиҷаи таҳлил иқтисод, давлатдорӣ, маориф, тиб, амният ва мудофиа озодии баён ва ғайраҳо ба назар гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0