Тоҷикистон мекӯшад тавлиди гӯшти мурғро то 6 - 7 ҳазор тонна афзоиш диҳад

© PixabayПтицеводство, архивная фото
Птицеводство, архивная фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар назар дорад то поёни имсол тавлиди гӯшти мурғро то 6 - 7 ҳазор тонна афзоиш диҳад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ширкати давлатии саноеъи мурғпарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш дода, ки дар то кунун дар кишвар 2,2 ҳазор тонна гӯшти мурғ тавлид шудааст.

Правительственное заседание - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои воридоти маҳсулоти пастсифат чанде аз масъулинро барканор кард

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, ин ширкат барномарезӣ карда, ки тавлиди гӯшти мурғро 3 баробар афзоиш диҳад.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки фурӯши мурғҳои зинда низ афзошиш ёфтааст. Чунончи, дар 10 моҳи имсол 2 милюн сар мурғи зинда ба мардум фурӯхта шудааст.

Бино бар додаҳои хадамоти домпизишкии Тоҷикистон, дар ин муддат аз хориҷ 20 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид карда шудааст, ҳарчанд пештар ин рақам дар як сол то 65 ҳазор тонна мерасид. Тоҷикистон гӯшти мурғро умдатан аз Туркия, Бразилия ва Амрико ворид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар охирин ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон аз раванди назорати кайфияти хӯроквории воридотӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, интиқод карду гуфт, ки кайфияти гӯшти мурғи воридотӣ бад аст ва хӯрданаш хатар дорад.

Дар он ҷаласа раҳбарони "Тоҷикстондорт", Созмони домпизишкӣ ва Созмони беҳдошту ҳамагиршиносии Тоҷикистон аз симатҳояшон барканор карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0