Ожонс: Дар Кӯлоб комиссари ҳарбӣ 6000 сомонӣ пора талаб кард

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвиз Ҳалимов ҳангоми гирифтани ин миқдор маблағ дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ёрдамчии калони сардори шуъбаи дуюми комиссариати ҳарбии минтақаи Кўлоб  ПарвизҲалимов ҳангоми ришваситонӣ дастгир шуд, гузориш медиҳад Ожонси мубориза бо фасоди ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани як сокини Кӯлоб 6000 сомонӣ пора талаб кардааст.

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабинихои опреативӣ-тафтишотӣ дар комиссариати ҳарбии минтақаи Кўлоб ҳангоми аз шаҳрванд "А"  гирифтани маблағи 6000 сомонӣ Ҳалимов Парвиз Комилҷонович дастгир гардида, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд",- омадааст дар хубури манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати корманди комиссариати ҳарбии парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафшот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0