Сироҷиддин Аслов: ҷангҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аз густариши фаъолиятҳои теруристӣ дар марзҳои ҷанубии кишвар нигаронӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз шиддат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳаросафкан дар Афғонистон нигаронӣ кард.

Вай ин нигарониро дар суханронии худ дар нишасти Шурои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Урупо (САҲА) дар Вена изҳор кард.

"Шӯришу ошӯбҳои нерӯҳои ифротӣ дар Афғонистон ва ҷамъ омадани ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар шимоли он кишвар таҳдиде на танҳо ба суботу амният дар Тоҷикистон, балки ба марзҳои ҷанубии САҲА низ ҳастанд", — гуфт Аслов.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки Душанбе ҳамвора хоҳони барқарории сулҳу суботу амният ва ободонӣ дар Афғонистон будаву ҳаст.

Вай ҳамчунин умедвор шуд, ки Афғонистон низ ба равандҳои ҳамгароии тиҷориву иқтисодии минтақа ҳамроҳ шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала