Эрониён тасмими Доналд Трампро маҳкум карданд

© Sputnik / Soheil GargariПразднование дня Аль-Кодс в Иране
Празднование дня Аль-Кодс в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эрониён имрӯз пас аз намози ҷумъа бо баргузории роҳпаймоиҳои густурда дар шаҳрҳои бузургу хурд тасмими раисҷумҳури Амрико дар бораи пойтахти Исроил шинохтани Байтулмуқаддасро ба шиддат маҳкум карданд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоиҳо аз Фаластин ҳимоят карда ва бо шиорҳои "Марг бар Амрико!" ва "Марг бар Исроил!" парчамҳои ин кишварҳоро ба оташ кашиданд.

Дар наворе, ки дар зер мебинед, эрониён мегӯянд, ки бо тасмими раисҷумҳури Амрико мухолиф ҳастанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Доналд Трамп 6 декабр эълом кард, ки Амрико Уршалимро расман пойтахти Исроил мешиносад. Вай аз Вазорати умури хориҷии Амрико низ хост то муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддасро фароҳам кунад.

Ин иқдом бар хилофи қатъномаҳои Созмони милали муттаҳид ва дидгоҳи аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидини Амрико дар Урупо ва кишварҳои арабӣ ва исломӣ аст. Ин кишварҳо муътақиданд, ки ин иқдоми Амрико метавонад дурнамои ҳаллу фасли мусолиматомези масъалаи Фаластину Исроилро зери суол бибарад.

Тасмими Трамп мавҷе аз вокунишҳои манфиро дар саросари ҷаҳон дар пай дошт. Бавижа, Навори Ғазза имрӯз майдони даргириҳо миёни низомиёни Исроил ва шаҳрвандони Фаластин буд.

Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки ин иқдоми Трампро маҳкум кард. Вазорати умури хориҷии Эрон 6 декабр дар баёнияе таъкид кард, иқдоми раисҷумҳури Амрико дар бораи расман пойтахти Исроил шинохтани Байтулмуқаддас нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ аст.

Бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналамилалӣ ҳам ин иқдоми Трампро маҳкум карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0