Sputnik Тоҷикистон озмуни солинавӣ эълом мекунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкНовогодние игрушки, архивное фото
Новогодние игрушки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik Тоҷикистон барои бошандагони Душанбе озмуни солинавӣ эълом мекунад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бунгоҳи хабариву родюи Sputnik Тоҷикистон барои хонандагонаш озмуни солинавӣ эълом мекунад.

Дар ин озмун ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе метавонанд ширкат кунанд.

Шартҳои озмун сода ҳастанд: барои ширкат дар озмун шумо бояд сафҳаи Sputnik Тоҷикистон дар Facebookро пайгирӣ кунед ва зери ин хабар табрикоти солинавӣ нависед.

Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи гаронбаҳо: озмун барои афроди то 35-сола

Барои беҳтарин табрикот хабаргузории Sputnik Тоҷикистон ҷоиза хоҳад дод.

Соли гузашта дар озмуни Sputnik Тоҷикистон ҳамванде пирӯз шуд, ки дар сафҳаи Facebookии Sputnik Тоҷикистон барои хешовандон ва ёру дӯстонаш беҳтарин табрикот ба муносибати Соли навро навишта буд. Қаҳрамонҳои озмун аз дасти Бобои барфии воқеъӣ дар маркази шаҳри Душанбе ҳадяҳояшонро гирифтанд.

Имсол Sputnik аз иштирокчиёни озмун хоҳиш дорад, ки на хешовандон, балки кормандони хабаргузории Sputnik Тоҷикистонро ба муносибати Соли нав табрик намоянд. Натиҷаи озмун ва номи қаҳрамонҳо рӯзи 25 декабр эълом мешавад. Барандаи озмунро тӯҳфа интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0