Таҷлили 85-солагии шаҳри Хоруғ

© Фото : Нилуфар АсламшоваТаҷлили 85-олагии шаҳри Хоруғ
Таҷлили 85-олагии шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хоруғ ба муносибати 85-солагии шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева,  бо ташаббуси рохбарияти МИМХД-и Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон 9 декабр дар маркази вилоят-шахри Хоруӯ Рӯзи шаҳр эълон шуд.   

Ба ин хотир дар шаҳри Хоруғ як қатор чорабиниҳои варзишӣ аз қабили волейбол бо ҷалби дастаҳои занона ва мардона аз маҳаллаҳои шаҳр, баскетбол ва шоҳмот доир гардиданд.

Сокинони ҷамоатҳои шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва Шириншо Шоҳтемур аз ҳисоби ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дигар маҳсулот намоишгоҳ ташкил намуданд.

© Фото : Нилуфар АсламшоеваҒизоҳои миллӣ
Ғизоҳои миллӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ғизоҳои миллӣ

Ҳамчунин маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Хоруғ ба намоиш гузошта шуд.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни суханрониаш гуфт, ки эълон гардидани Рӯзи шаҳр танҳо ба хотири як рӯз набуда, корҳои ободонию созандагӣ бояд аз ҷониби сокинони маркази вилоят бомаром идома ёбанд. 

"Гарчанде аз расман маркази маъмурии ВМКБ эълон гардидани шаҳри Хоруғ 85 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, бунёдкориҳои бештаре дар он маҳз дар даврони соҳибистиклолии кишвар рӯи кор омаданд",- гуфт ӯ.

© Фото : Нилуфар АсламшоеваТаҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ
© Фото : Нилуфар АсламшоеваТаҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ
© Фото : Нилуфар АсламшоеваТаҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ
1/3
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ
2/3
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ
3/3
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хоруғ

Арамбегим Маҳтобшозода-раиси шаҳри Хоруғ гуфт, ки ҷавобан ба ин хама дастгириву ғамхориҳои ҳукумат, сокинони шаҳри Хоруғ тамоми саъйи худро бар он равона месозанд, то бо анҷом додани амалҳои созанда дар ободонии як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд ва шаҳри Хоруғро ба нигини ҳақиқии Бадахшон табдил диҳанд.

Барои сахмгузорӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғ як қатор намояндагони касбу кори гуногун қадрдонӣ карда шуданд.Б

Барномаи аҳли фарханги вилоят анҷомбахши чорабинии идона гардид.   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала