Арчаи солинавии Душанбе чароғон шуд

Арчаи зебо орододашуда дар дили пойтахти Тоҷикистон бошандагони Душанберо шод мекунад. Аксари мардум бо шодӣ дар назди ин арча аксбардорӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 11 дек— Sputnik. Имосл дар майдони Дӯстии шҳари Душанбе арчаи чароғон гузоштанд.

Имсол қади арча 25 метр буда, қутри он 12,5 метр мебошад.

Арчаи зебо орододашуда дар дили пойтахти Тоҷикистон бошандагони Душанберо шод мекунад. Аксари мардум бо шодӣ дар назди ин арча аксбардорӣ мекунанд.

Ҳамчунин дар гирду атрофи арча чароғҳои бузурги даврӣ гузошта шудаанд.

© Sputnik Амир ИсаевНовогодний Душанбе
Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Новогодний Душанбе

Ҳамчунин навиштаҷоти чароғони 2018, мардумро аз омад омади Соли нави мелодӣ хабардор мекунад.

© Sputnik Амир ИсаевНовогодний Душанбе
Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Новогодний Душанбе

Пештар хабар дода будем, ки бунгоҳи хабариву родюи Sputnik Тоҷикистон барои хонандагонаш озмуни солинавӣ эълом мекунад.

Дар ин озмун ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе метавонанд ширкат кунанд.

Шартҳои озмун сода ҳастанд: барои ширкат дар озмун шумо бояд сафҳаи Sputnik Тоҷикистон дар Facebookро пайгирӣ кунед ва зери ин хабар табрикоти солинавӣ нависед.

Sputnik аз иштирокчиёни озмун хоҳиш дорад, ки на хешовандон, балки кормандони хабаргузории Sputnik Тоҷикистонро ба муносибати Соли нав табрик намоянд. Натиҷаи озмун ва номи қаҳрамонҳо рӯзи 25 декабр эълом мешавад. Барандаи озмунро тӯҳфа интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала