Оғози мавсими шикор ба маводи тарфгарӣ: як муттаҳам аллакай дастгир шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳамасола мавсими шикор ба фурӯшандаҳо ва харидорони маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон бо оғози фасли сармо шурӯъ мешавад

ДУШАНБЕ, 11 дек— Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистоон аз дастгир шудани сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, дар паи доир кардани корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшанро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 ҳазору 840-дона маводи тарфгарии намуди "Трения" дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамин тавр нисбати номбурда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 199 иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки шурӯъ аз соли 2008-ум инҷониб фурӯш, харид ва ворид кардани маводи тарфгарӣ ба қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0