Ҳалокати кӯдаки дусола ва захмӣ шудани ҳашт кас дар садамаи Новосибирск

© Фото : PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи садама дар Новосибирск духтарчаи дусола ҷон бохту ҳашт каси дигар захмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ҳашт кас дар паи садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Новосибирск-Павлодар захмӣ шуду духтарчаи дусолае ҷон дод. Дар ин бора БДА ВКД Русия дар Новосибирск хабар медиҳад.

"Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ду ронанда захмӣ шуда, мусофирони "Тойота" (зани 20-сола, духтари 9-сола, писарбачаи 3-сола) ва мусофирони худрави "Аудӣ" (марди 31-сола, зани 31-сола, писарбачаи 5-сола ва духтарчаи дусола) захм бардоштанд. Ҳамаи мусофироон ба бемористон оварда шуданд",-омадааст дар хабарнома.

Кӯшишҳои пизишкон даст надод, то духтарчаи дусолаи мусофири "Аудӣ" наҷот ёбад. Аз ҷароҳатҳои бардошта кӯдак ҳалок шуд.

Аз рӯи қазияи мазкур тафтишот идома дорад. Дар ин росто боз кардани парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0