Рақибони дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё 2018 маълум шуданд

© Сайт Федерации футбола ТаджикистанаСборная Таджикистана начнет чемпионат Азии-2018 матчем против Японии
Сборная Таджикистана начнет чемпионат Азии-2018 матчем против Японии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футзалбозони Тоҷикистон мусобиқоти Ҷоми Осиё - 2018-ро бо "набард" бо Ҷопон оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Конфедеросюни футболи Осиё тақвими бозиҳои қаҳрамонии футзали Осиёро, ки 1 — 11 феврал дар Тайбэи Чин баргузор мешавад, эълом кард.

Бино ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо дар гурӯҳи "В" бо Узбакистон, Ҷопон ва Куреи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Нахустин бозии футзалбозони тоҷик бо дастаи Ҷопон хоҳад буд, ки 1 феврал баргузор мешавад. Дар даври дувум, ки 3 феврал баргузор мешавад, миллипӯшони тоҷик бо ҳамовардони узбакашон набард хоҳанд кард.

Узбакҳо дар охирин қаҳрамонии Осиё медолҳои нуқра ба даст овардаву тилло мехоҳанд, аз ин рӯ бозӣ тезу тунд хоҳад шуд.

Дар охирин давраи бозиҳои гурӯҳӣ, ки 5 феврал баргузор мешавад, дастпарварони Ҳусейн Шодиев бо куреиҳо бозӣ хоҳанд кард.

Дар қуръакашии Ҷоми футзали Осиё — 2018 дастаҳои миллӣ ба 4 гурӯҳ тақсим шуданд. Аз ҳар гурӯҳ 2 даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Дастаи миллии Тоҷикистон дар сурати пирӯз шудан дар гурӯҳи худ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "А" — Тайбэи Чин, Виетнам, Малайзия ё Баҳрайн рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар гурҳӯи "С" дастаҳои Эрон, Ироқ, Чин ва Миёнмор ва дар гурӯҳи "D" дастаҳои Тайланд, Қирғизистон, Лубнон ва Урдун рақобат хоҳанд кард.   

Лентаи хабарҳо
0