Генерал Назарзода сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе таъйин шуд

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал Шариф Назарзода сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Шариф Назарзода имрӯз сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Генерал Назарзода то ин замон сардори Идораи умури дохилии вилояти Суғд буд.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот кард.

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз авзоъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа минтақа нигаронӣ карда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намудааст.

Лентаи хабарҳо
0