Киштие, ки паноҳҷӯёнро ба Урупо мебурд, ғарқ шуд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксПродолжаются поиски тел погибших в авиакатастрофе Ту-154 в Сочи
Продолжаются поиски тел погибших в авиакатастрофе Ту-154 в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Киштие, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Урупо мебурд, дар дарёи Миёназамин, дар наздикии шаҳри Дикилӣ аз вилояти Измир ғарқ шуд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Нерӯҳои дарёии Туркия имрӯз аз ғарқ шудани киштие хабар доданд, ки 51 паноҳҷӯро ба Урупо мебурд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс" ба нақл аз "Франс пресс", дар паи ғарқ шудани ин киштӣ нерӯҳои Горди соҳилии Туркия ҳама 51 муҳоҷири ғайриқонунӣ, аз ҷумла 15 кӯдакро наҷот доданд.

Гуфта мешавад, ки бархе аз мусофирони наҷотёфта шаҳрвандони Афғонистон, Ангола, Сурия ва Сомалӣ ҳастанд.

Соҳилҳои Туркия дар дарёи Миёназамин, бавижа дарёбори Эгей, кӯтоҳтарин масири муҳоҷират аз Осиёву Африко ба Урупо ҳастанд. 

Лентаи хабарҳо
0