Аз китоби "Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Душанбе рӯнамоӣ шуд

© SputnikКитоби тақсимоти маъмурии Тоҷикистон
Китоби тақсимоти маъмурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китобҳои "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик" ва "Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Рӯзи 15 декабри соли 2017 соати 09:00 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китобҳои "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик" ва "Тақсимоти маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ мегӯяд, ки дар маросими рӯнамои китобҳо коршиносону олимон, намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарредаксияи илмии Донишномаи миллии Тоҷикистон ва донишгоҳҳо ширкат карданд.

Ҳаким Носири Хусрав - Sputnik Тоҷикистон
Профессор Назариев: осори ҳаким Носири Хусрав барои худшиносии миллӣ бисёр аҳамият доранд

Пештар хабар дод шуд, ки чанде пеш дар Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии тарҷумаи русии китоби донишманди бузург Носири Хусрави Қубодиёнӣ баргузор шуд.

Маросими рӯнамоии тарҷумаи русии китоби ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ "Хон ул-ихвон" рӯзи шанбе, 25 ноябр бо ҳамкории Пажӯҳишгоҳи исмоилии Ландан ва Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0