Маҳсулоти заҳролуд: марги як кӯдаки тоҷик пас аз истеъмоли ҳасиб

© cookownfoodРыбная колбаса
Рыбная колбаса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умаралӣ Давлатови 3- сола яке аз он нафаронест, ки дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шуда, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Восеъ як кӯдаки 3-сола пас аз истеъмоли ҳасиб заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст.

Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд,  шаби 13 декабр, Умаралӣ Давлатовро падараш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона мебара. Баъди ташхис маълум мешавад, кӯдак аллакай дар роҳ  фавтида будааст.

Афзун бар ин, худи  боз 4 нафар кӯдак ва модари ин хонавода  дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Баъди пурсишҳо ва ташхисҳои мутахассисони беморхона маълум гардид, ки аъзои ин хонавода баъд аз истеъмоли ҳасиб ба чунин ҳолат афтодаанд. Айни ҳол саломатии 5 нафар аъзои ин хонавода дар ҳолати  муътадил қарор дошта, субҳи имрӯз онҳо аз беморхона ҷавоб дода шуданд.

Ба иттилои мутахассиси пешбари бахши гигиенаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршоҳ  Ишратов, баъд аз ҳодисаи дар ноҳияи Восеъ рухдода аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи фаврии корӣ ташкил гардид. Мутахассисони тиб беморонро ташхис намуда, ҳамчунин аз хонаи онҳо низ дидан карданд.

Лентаи хабарҳо
0