Русия ба Тоҷикистон ҷангафзорҳо медиҳад

Русия ба Тоҷикистон ҷангафзорҳо аз ҷумла танкҳо, чархболҳо ва техникаи зидди ҳавоӣ медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 дек— Sputnik. Вазорати дифоъи Русия барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, афзорҳои ҷангӣ аз ҷумла танку чархболҳо медиҳад.

"Рӯзи 19.12.2017 дар чорчӯби ҳамкориҳои байнулмилаллии миёни Русия ва Тоҷикистон маросими супоридани афзорҳои ҷангӣ ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Зенитные орудия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба Тоҷикистон ҷангафзорҳои пешрафта медиҳад

Ба гузориши манбаъ, ба Тоҷикистон аз ҷумла БТР-80, худравҳои БМП-2, танкҳои Т-72, чархболҳои Ми-8 и Ми-24, афзорҳои алоқавӣ ва дигар навъи ҷангафзорҳо дода мешавад.

"Ин ҷанафзорҳо дар доираи Барномаи навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барномаи аслии рушди малакаи ҷангии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар буда, барои таҳкими амният дар марз бо Афғонистон мусоидат мекунад, ба Тоҷикистон супорида мешаванд", — омадааст дар хабарнома.

Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки Русия омода аст аз Афғонистон дар муборизааш бо таҳдидҳои теруристӣ пуштибонӣ кунад.

"Мо мебинем, ки хатару таҳдид аз сӯи теруристҳои байналмилалӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мебинем, ки сохторҳои мусаллаҳи тундрав бахшҳое аз қаламрави Афғонистонро дар марз бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ба даст овардаанд. Бегумон, ин падидаҳо моро бисёр нигарон мекунанд, зеро мо дар он минтақа пойгоҳҳои низомӣ дорем", — таъкид кард раҳбари Русия.

Путин бо ишора ба ин ки ҳукумати марказии Кобул ниёз ба ҳимояти ҷомеъаи байналмилалӣ дорад, афзуд, ки Русия омода аст аз ин кишвар ҳимоят кунад.

"Мо дар солҳои гузашта низ кадрҳои миллӣ, нерӯҳои интизомӣ ва мусаллаҳи Афғонистонро омӯзиш ва таслиҳоту фанновариҳои низомиро ба Афғонистон таҳвил додаем", — афзуд вай.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала