Фаро расидани Соли навро ба сарбозони ноҳияи Ашт пешопеш табрик гуфтанд

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба муносибати Соли ҷавонон ва дар остонаи Соли нави милодӣ дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Ашт чорабиниҳои идона баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар чорабиниҳои идона роҳбарияти ноҳияи Ашт ва намояндагони ҳукумати вилояти Суғд ширкат карда, афсарону сарбозонро пешопеш фаро расидани Соли нави милодии 2018 табрик гуфтанд.

"Аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуда, баҳри болидахотирии онҳо аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ намоиш дода шуд", — омадааст дар хабарнома.

Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Арчаи солинавии Душанбе чароғон шуд

Пештар хабар дода шуд, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯ ба рӯи маркази савдои "Авасто" арчаи солинавӣ қомат афрохт, ки 18 метр баландӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки аз 15 декабр дар ин мавзеъ чорабиниҳои фарҳангии солинавӣ оғоз мегардад.

Дар чорабиниҳои солинавӣ хонандагони мактаб ва литсейҳо, донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, Коллеҷи тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Донишкадаи политехнкии ДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии худро пешниҳоди сокинон менамоянд.

Дар назар аст, ки муассисаҳои фарҳангии шаҳр, аз ҷумла театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии "Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ", театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров, муасссиаи давлатии "Кохи фарҳанги Суғдиён", ансамбли фолклории "Фалак", ансамбли шашмақомхонони "Нури Хуҷанд", театри давлатии лӯхтаки вилояти Суғд низ барномаҳои солинавии хешро ба намоиш гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала