Туҳфаи Рустам Эмомалӣ бо раисҷумҳур дар зодрӯзаш ба донишомӯзони Душанбе

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон на открытии школы 44 после генерального ремонта
Президент РТ Эмомали Рахмон на открытии школы 44 после генерального ремонта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзгорону хонандагони мактаб ба раисҷумҳури кишвар ва Ҳукумат барои фароҳам овардани шароити замонавии таълим изҳори сипос карданд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз  Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмомили Сомонӣ чанде аз сохтмонҳои навро ба баҳрабардорӣ расонданд.

Бино бар ин гузориш, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар макатби № 44 пойтахт сохтмонҳои синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷой нишаст ба истифода дода шуд.

Гуфта мешавад, ки ин сохтмонҳо дар 11 моҳ бунёд гардида ва дар сохтанашон аз будҷаи Ҳукумати шаҳри Душанбе 8 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

"Зимни шиносоӣ аз шароити мактаб Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро дар арафаи фарорасии Соли нав тӯҳфаи арзанда ба омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ арзёбӣ намуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи таъмири мактаби 39-и Душанбе

Омӯзгорону хонандагони мактаб ба раисҷумҳури кишвар ва Ҳукумат барои фароҳам овардани шароити замонавии таълим изҳори сипос карданд.

Афзун бар ин, раисҷумҳури Тоҷикистон бо рафти сохтмони иншооти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуд.

Хабар дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо дар соли 2018 ба истифода дода мешаванд. Бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳои пойтахт бо синфхонаҳои муосири фаннӣ, синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ, ошхона, майдону толорҳои варзишӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ то соли 2019 бештар аз 21 ҳазор ҷойҳои нишасти иловагӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт муҳайё карда мешавад.

Ёдрас мекунем, имрӯз ҷавонтарин шаҳрдори Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ 30-сола шуд. Шаҳрдор, ки пештар дар Ожонси мубориза бо фасод мақоми асосиро ишғол мекард, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соле пеш раиси шаҳри Душанбе таъйин гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0