Зимистони гарм: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikПарк в Душанбе
Парк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 20 декабр ҳаво дар саросари кишвар абрӣ шуда дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 20 дек— Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва дар Душанбе гармии ҳаво ба 16 дараҷа мерасад.

Дар ВМКБ ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳарорати ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, бод аз сӯи ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Туман мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани меғ ва боридани борону барф пешбинӣ шуда, бод аз сӯи ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, бод аз сӯи ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0