Навори мусоҳиба бо устод Иванов: тоҷикон бояд забонашонро аз вомвожаҳои русӣ пок кунанд

Обуна шудан
Вомвожаҳои русӣ дар забони тоҷикӣ зоид ҳастанд ва беҳтар аст онҳоро бо вожаҳои форсӣ ҷойгузин кунанд, мегӯяд профессор Владимир Иванов, раиси гурӯҳи омӯзишии забонҳои эронӣ ва устоди забони форсии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқо дар Донишгоҳи Маскав.

"Ман худ гарчи рус ҳастам, фикр мекунам, ки ин калимаҳои русӣ дар забони тоҷикӣ зоид ҳастанд ва беҳтар аст онҳоро бо вожаҳои сохти худи тоҷикҳо ҷойгузин кунанд. Эрониён Фарҳангистони забону адаби форсӣ доранд, ки вожаҳои бегонаро, яъне истилоҳоти инглисиву фаронсаву дигарро, аз забон берун меронанд ва ба ҷояшон вожаву истилоҳоти бисёр ҷолибу хуб месозанд ва кӯшиш мекунанд онҳоро роиҷ кунанд, чун  мардум мутаассифона дар Эрон ҳам ба истифода аз вожаҳои бегона, яъне инглисӣ ва фаронса бисёр одат кардаанд ва ба осонӣ наметавонад онҳоро тарк кунанд. Фикр мекунам, ки ҳамин рӯйкардро тоҷикон бо вожаҳои русӣ бояд дошта бошанд. Яъне, агар, масалан, тоҷикон аз таҷрубаи эрониён истифода кунанд, бисёр беҳтар мешуд то аз дигар забонҳо вожа вом бигиранд. Дар Афғонистон ҳам як чунин раванде дида мешавад, вале онҳо бештар аз вожаҳои забони пашту баҳра мегиранд то вомвожаҳои инглисиро ҷойгузин кунанд", — гуфт устод Иванов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0