"Ба фалон аптека равед": Эмомалӣ Раҳмон бархе аз пизишкони дорунависро танқид кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Табибони мо бе ташхис ба маризон доруҳои бениҳоят зиёдро менависанд. Ин кори онҳо бозори доруҳои пастсифатро метезонад, мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти паёми солона дар назди вакилон аз аҳволи соҳаи тандурустии Тоҷикистон, махсусан рушди соҳаи дорусозӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд.

Раисҷумҳур изҳори нигаронӣ кард, ки ба Тоҷикистон ҳамасола ба маблағи зиёд дорувории пастсифат ворид мешавад.

"Ман санҷидам, ҳамасола ба кишвар ба маблағи 60-70 миллион доллар дорувории сифаташ паст ва мӯҳлаташ гузашта ворид мешавад",- таъкид кард раисҷумҳур.

Аммо, тавре Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, бархе аз пизишкони кишвар дар фурӯши ин гуна маҳсулоти пастсифат даст доранд.

"Табибони мо бе ташхис ба маризон дорувориҳои ниҳоят зиёдро навишат медиҳанд. Ин кори онҳо, бозори доруҳои пассифатро метезонад ва баъзан ишора ҳам мекунанд, ки маҳс ба фалон аптека рафта, маризон доруҳои мазкурро харидорӣ кунанд",- таъкид кард раисҷумҳур.

Дар робита ба ин қазия гуфт, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки соҳаи дорусозиро дар кишвар рушд диҳад.

"Воридкунандагони технологияҳои навин барои соҳаи дорусозӣ аз андоз озод карда шаванд,- пешниҳод кард Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0