Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар Додгоҳи олӣ

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПортфель
Портфель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи маълумот Наимов Баҳриддин Азимович ва Балкибаева Жанагул Исмайловна ба вазифаи додрасҳои Додгоҳи олӣ таъин шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бо қарори Маҷлиси Олии Узбакистон ҳашт додрас таъин ва се кас аз вазифаашон барканор шудаанд.

Тибқи маълумот Наимов Баҳриддин Азимович ва Балкибаева Жанагул Исмайловна додрасҳои Додгоҳи олӣ таъин шудаанд.

Тағйироти корӣ дар додгоҳҳои ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Давлатмо Додихудозода раиси додгоҳи ВМКБ таъйин шуд

Ҳамчунин Исроилова Дилбар Келдиёровна, Ғуломова Муқаддас Зиёдуллоевна, Раҳмонов Навруз Бобоқулович, Қурбонов Туйгун Маматқулович, Ҳакимова Хусноро Тураҷоновна, Саидов Шуҳрат Захарович ба муҳлати даҳ сол таъин шудаанд.

Дар баробари ин Диёров Ботирали Муродович, Комилов Давлатмирзо Казакҷонович, Ҳайитов Олим Буриевич аз вазифаи додрасҳои Олии Узбакистон ба далели ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод шуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳукумати Афғонистон қарори истеъфои волии вилояти Балх Атомуҳаммад Нурро баровард.

Волии балх Атомуҳаммад Нур арзаи истеъфои худро ба Ашраф Ғанӣ равон кардаву раисҷумҳур ҳам онро пазируфтааст.

Дар симати волии Балх акнун Муҳаммад Довуд ҷойгузини Нур шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои гузашта хабари барканории оқои Нур танишҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд ва ҳизби Ҷамъияти исломӣ, ки оқои Нур раисаш аст, ба ҳукумат ҳушдор дода буд, ки агар Атомуҳаммад Нур барканор шавад бо ҳукумат муқовимати сиёсӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0