Камобеш 70 % аз шаҳрвандони ҶТ ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё эътимод доранд

© Sputnik / Asatur YesayantsФлаги стран участниц ЕАЭС, архивное фото
Флаги стран участниц ЕАЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 50 то 83 дарсад аз шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё ба ин созмони иқтисодӣ эътимод доранд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон, ки узви Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё нест, 69 дарсад аз шаҳрвандон ба ин созмони иқтисодӣ этимод доранд, гуфта мешавад дар гузориши Бонки тавсеъаи уросиёӣ.

Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сергей Лавров: Тоҷикистон ҳам ба Иттиҳоди иқтисодии Уросиё мепайвандад

Дар кишварҳое, ки узви Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё ҳастанд, аз 50 то 83 дарсад аз шаҳрвандон ба ин созмони иқтисодӣ эътимод доранд. Ин рақам 10 дарсад камтар аз додаҳои соли 2014 аст, ки болотарин мизони эътимод ба ин созмони иқтисодӣ сабт шуда буд.

Эътимод ба ҳамгироии иқтисодӣ дар миёни кишварҳои узви ИИУ дар солҳои 2015 — 2017 дар Русия аз 78 дарсад ба 68 дарсад ва дар Арманистон аз 56 дарсад то 46 дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо мизони эътимод ба ин созмон дар соли 2017 дар Арманистон то 50 дарсад расидааст.

Дар Қирғизистон шаҳрвадон ҳамвора ба ҳамгироӣ дар чорчӯби ИИУ хушбин будааст. Чунончи, дар соли 2014 танҳо 50 дарсад аз қирғизҳо аз пайвастани кишварашон ба ин созмон пуштибонӣ карда буданд ва 30 дарсад мухолиф буд. Аммо дар соли 2016 ин рақам ба 86 дарсад расида ва дар соли 2017 низ 83 дарсад будааст, ки болотарин мизони эътимод дар миёни кишварҳои ИИУ аст.

Дар посух ба пурсише, ки кадом кишварҳо ба назаратон дӯст ҳастанд ва дар душворӣ ёриятон хоҳанд кард, аксарият чун ҳарсола кишварҳои ҳамсуд ё Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ном бурд.

Бештарин эътимодро ба ҳамсоягон шашумин сол пушти сари ҳам мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон доранд, ки мутаносибан 95 дарсад, 94 дарсад ва 90 дарсад аз шаҳрвандонашон бар ин назар ҳастанд.

Флаги стран участниц ЕАЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Назарсанҷӣ: дар Тоҷикистон камтар ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Уросиё таваҷҷуҳ доранд

Ҳамзамон Русия ба назари ҳама пурсидашудагон дӯсттарин кишвар будааст. Чунончи, дар 6 кишваре, ки чунин назарсанҷӣ баргузор шуда, 76 дарсад аз кулли шаҳрвадон Русияро дӯст шумурдаанд. Дувум ҷойгоҳро дар ин радабандӣ Қазоқистон бо 31 дарсад ва севуминро Белорус бо 21 дарсад раъй аз худ кардаанд.

Ин назарсанҷӣ дар 7 кишвар, аз ҷумла Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ва ҳамчунин Молдова ва Тоҷикистон баргузор шуда ва дар ҳар кадоме аз ин кишварҳо на камтар аз 1 ҳазор кас (куллан 8 ҳазор кас) пурсида шудааст. Назарсанҷӣ дар чорчӯби тарҳи "Санҷиши ҳамгироии Бонки тавсеъаи уросиёӣ" соли 2012 оғоз шуда ва ҳар сол баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0