Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабри соли 2017 ба Русия меравад

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар ин бора як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви ИДМ ба Маскав меравад.

Ба иттилоъи манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорчӯби ин сафар бо раҳбарони кишварҳои узви ИДМ суҳбат хоҳад кард.

Интизор меравад, ки сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия як рӯз давом мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе ба Маскав мераваду шом ба Душанбе боз мегардад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала