Кӣ хушбахттар аст: мардони зандор ё безан

CC BY-SA 2.0 / Victoria Hong Zhu / Молодожены. Архивное фото
Молодожены. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Олимони канадаӣ дар паи баргузории таҳқиқоте муайян карданд, кӣ хушбахттар аст, мардони зандор ё безан. Дар ин таҳқиқот беш аз 400 ҳазор мардони бритонӣ ширкат кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Мардоне, ки хонадор ҳастанд ё ҳамроҳи ҷуфти худ ба сар мебаранд, дар қиёс бо мардони танҳо хушбахттаранд, навиштаанд олимони канадаӣ.

Гузориши илмӣ дар торномаи Journal of Happiness Studies мунташир шудааст.

Коршиносон вазъи равонию маънавии беш аз 380 ҳазор мардони бритониро, ки дар бораи зиндагии худ нақл кардаанд, мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Тибқи хулосаи омӯзишҳо мардони зандор аз ҳаёти худ розӣ ҳастанду худро хушбахт эҳсос мекунанд.

Одиночество, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Олимон сирри дарозумрии инсонро ёфтанд

Мардони танҳо бошанд аз зиндагӣ камтар розӣ ҳастанд.

Пештар равоншиносон иллати танҳоии хушрӯйҳоро тавзеҳ дода буданд.

Равоншинос мегӯяд, зебоии духтарон дар бисёре аз маворид бахткушо нест.

Ӯ мегӯяд, ки бонувон ва мардони хушчеҳра бо ду роҳ мераванд, ки саранҷом онҳоро ба танҳоӣ мебарад.

Ин гуна касон ё худшефта ҳастанд ва шариконашонро зуд зуд иваз мекунанд, чун ҳамагуна камбуди назарногири шариконашонро бузург мекунанд. Ё ин ки баръакс хударзёбиашон паст аст.

Ин равоншинос мегӯяд, ки бисёре аз ҷавонону миёнсолон аз ошноӣ бо зеборӯйҳо ҳарос доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала