Ҷоми футзали Осиё-2018: Тоҷикистон ва Туркия имрӯз бозӣ мекунанд

© Федерация футбола РТСборные Таджикистана и Турции сыграли в ничью в первом матче
Сборные Таджикистана и Турции сыграли в ничью в первом матче - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи миллии Тоҷикистон дар чорчӯби омодагӣ ба бахши ниҳоии Ҷоми футзали Осиё - 2018 дирӯз бо миллипӯшони Туркия бозии дӯстона баргузор кард

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, нахустин бозии дӯстонаи миллипӯшони тоҷик ва турк 26 декабр дар варзишгоҳи Кумитаи молиёти ҶТ баргузор шуд.

Дар бахши нахусти ин бозӣ Некрӯз Алимуҳаммадов дарвозаи туркҳоро рахна кард ва Тоҷикистонро пеш бурд. Аммо дар бахши дувуми бозӣ туркҳо натиҷаро баробар карданд.

Нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия бо натиҷаи 1 бар 1 поён ёфт. Имрӯз ин ду даста дувумин бозии дӯстонашонро баргузор хоҳанд кард.

© Федерация футбола РТСборная Таджикистана по футболу во время проведения матча с турецкой сборной
Сборная Таджикистана по футболу во время проведения матча с турецкой сборной - Sputnik Тоҷикистон
Сборная Таджикистана по футболу во время проведения матча с турецкой сборной

Ёдоварӣ мекунем, ки Қаҳрамонии футзали Осиё 1 — 11 феврал дар Тайбэи Чин баргузор мешавад. Дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо дар гурӯҳи "В" бо Узбакистон, Ҷопон ва Куреи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Нахустин бозии футзалбозони тоҷик бо дастаи Ҷопон хоҳад буд, ки 1 феврал баргузор мешавад. Дар даври дувум, ки 3 феврал баргузор мешавад, миллипӯшони тоҷик бо ҳамовардони узбакашон набард хоҳанд кард.

Узбакҳо дар охирин қаҳрамонии Осиё медолҳои нуқра ба даст овардаву тилло мехоҳанд, аз ин рӯ бозӣ тезу тунд хоҳад шуд.

Дар охирин давраи бозиҳои гурӯҳӣ, ки 5 феврал баргузор мешавад, дастпарварони Ҳусейн Шодиев бо куреиҳо бозӣ хоҳанд кард.

Дар қуръакашии Ҷоми футзали Осиё — 2018 дастаҳои миллӣ ба 4 гурӯҳ тақсим шуданд. Аз ҳар гурӯҳ 2 даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Дастаи миллии Тоҷикистон дар сурати пирӯз шудан дар гурӯҳи худ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "А" — Тайбэй, Виетнам, Малайзия ё Баҳрайн рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар гурӯҳи "С" дастаҳои Эрон, Ироқ, Чин ва Миёнмор ва дар гурӯҳи "D" дастаҳои Тайланд, Қирғизистон, Лубнон ва Урдун рақобат хоҳанд кард.   

Лентаи хабарҳо
0