Раҳмон: густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ - авлавияти ҶТ дар ИДМ

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз тақвияти гурӯҳи ҳаросафкани ДОИШ дар шимоли Афғонистон нигарон аст ва хостори ҳамкории танготанги созмонҳои амниятии кишварҳои ҳамсуд шуд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дирӯз баргузор шуд, раёсат дар ин иттиҳодия аз Русия ба Тоҷикистон гузашт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронияш дар ин нишаст аз рухдодҳои нигаронкунанда дар ҷаҳон ёд кард.

"Имсол дар саросари ҷаҳон падидаҳои нигаронкунанда бисёр рух дод, ки аз онҷумла фахол шудани ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ дар бархе аз кишварҳо, рӯйдодҳо дар Ховари Наздик ва нимҷазираи Курея аст. Ҳамчунин мушкилотеро бояд махсусан дар назар дошт, ки дар паи бад шудани авзоъ дар Афғонистон сар мезананд", — гуфт раҳбари Тоҷикистон.

Рахмон: надо уделить особое внимание обороне границ СНГ

Авзоъ дар Афғонистон яке аз муҳимтарин мавзуъҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон аст, афзуд вай.

"Дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҷангҷӯёни гурӯҳи теруристии "ДОИШ" ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ фаъол шудаанд. Масъаларо ин воқеъият ҳам печидатар мекунад, ки дар миёни теруристҳое, ки аз Сурия ба Афғонистон ҷобаҷо шудаанд, шаҳрвандони бархе аз кишварҳои ИДМ низ ҳастанд. Ҳамзамон бо ин тавлид ва судури маводи мухаддир аз он кишвар ҳам рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳар рӯз задухӯрд бо теруристҳо ва қочоқбарони маводи мухаддир рух медиҳанд. ҳар сол даҳҳо марзбони тоҷик дар ин задухӯрдҳо шаҳид мешаванд", — тавзеҳ дод Раҳмон.

Вай гуфт, ки ҳузури чандсолаи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон натоиҷи дилхоҳ надод.

"Мо бояд ин нуктаро дар назар бигирем, ки Афғонистон дар соли оянда вориди марҳилаи бисёр ҳассоси пешрафти сиёсӣ хоҳад шуд. Манзурам интихоботи маҷлиси қонунгузор аст, ки имсол баргузор мешавад, ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки як сол пас баргузор хоҳад шуд. Ин шароит аз мо вокуниши воқеъбинона ва иқдомоти ҳамоҳангшударо тақозо мекунанд. Дар ин росто, ҳамкории танготанги созмонҳои амниятӣ ва нерӯҳои интизомии кишварҳои ҳамсуд тақозои замон аст", — таъкид кард раисҷумҳур.

Вай ёдоварӣ кард, ки Тоҷикистон дар давраи раёсаташ бар Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд кӯшишу талош хоҳад кард, ки ҳамкориҳои низомиву сиёсии иттиҳодияро устувортару густардартар кунад.

"Авзоъ дар кишварҳои мо дар кулл бо субот аст, вале омилҳои ёдшуда бар Итиҳодия ҳам асару таъсир мегузоранд. Аз ин рӯ, мо дар назар дорем, ки таваҷҷуҳи вижа ба ҷараёни иҷрои барномаи ҳамкориҳои низомӣ барои таҳкими амнияти марзӣ дар марзҳои хориҷии Иттиҳодия то соли 2020 дошта бошем", — тавзеҳ дод Раҳмон.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон дар давраи раёсаташ кӯшиш хоҳад кард, ки ҳамкориҳои иқтисодиро густариш диҳад ва ҳамкориҳо дар заминаҳои башариро низ пеш барад.

Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суханронияш аз Владимир Путин барои меҳмоннавозӣ сипосгузорӣ кард ва барояш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия пирӯзӣ хост.     

Лентаи хабарҳо
0