Дар Тоҷикистон фарзандони бемеҳр то се сол зиндон мешаванд

Дар Тоҷикистон ҷазо барои фарззандоне, ки огоҳона аз нигоҳубини падару модар даст мекашанд, сангинтар шуд

ДУШАНБЕ, 28 дек— Sputnik. Дар Тоҷикистон фарзандоне, ки барқасдона аз нигоҳубини падару модари пиронсол даст мешаканд бар асоси ислоҳи қонуни Кодекси ҷиноятии ҶТ то се сол зиндонӣ мешаванд.

То ин дам фарзандони бемасъулият барои даст кашидан аз муроқибати волидон аз 120 то 180 соат ё, то ду сол ба корҳои ислоҳӣ ва ё зиндони шартӣ маҳкум мешуданд.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 21 декабр тарҳи ислоҳи қонуни ҷиноиро, ки ҷазои ҷиноятии сангинтар ба фарзандони бемасъулиятро пешбинӣ мекунад, қабул кард.

"Ба моддаи 178-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "Саркашии барқасдона аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат" банди дуввум илова шуд. Бар асоси ин илова, фарзанде, ки бо ҳалномаи додгоҳ дар кӯмаки падару модар масъул дониста шудааст, вале бе сабаб, барқасдона ва такроран аз кӯмак сарпечӣ мекунад, се сол зиндонӣ мешавад", — хабар дод узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон Бахтовар Сафаров.

Послание президента Таджикистана Эмомали Рахмона парламенту - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: дар соли 2018 музди кор, нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон афзоиш хоҳанд ёфт

Соли 2016 ба Сарқонуни ҶТ тағйиру иловае ворид карда  шуд, ки мувофиқи он фарзандони ба камолрасида бояд масъулияти нигоҳубини падару модарони худро бар ӯҳдамегирифтанд.

Бахтовар Сафаров гуфта, ки "вақте таъминоти падару модари дармонда аз ҷониби фарзанд меъёри сарқонун шуд, он бояд ба таври дахлдор муҳофизат ва кафолат дода шавад. Аз ин рӯ, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пурзӯртар карда шуд".

Тибқи додаҳо дар вақтҳои охир хонаҳои пиронсолон аз барҷомондагоне, ки фарзандонашон аз нигоҳубини онҳо даст кашдиаанд, пур шудааст. Ба иттилоъи Вазорати тандурустӣ то имрӯз дар хонаҳои пиронсолони Тоҷикистон беш аз 1017 кас ба сар мебарад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала