Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Мақсади мулоқоти амниятиҳои Чин бо Аламшозода чӣ буд

© Фото : Аз ВКДДидори амниятиҳои Чин бо Аламшозода
Дидори амниятиҳои Чин бо Аламшозода - Sputnik Тоҷикистон
Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода бо ҳайъати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин таҳти раҳбарии Ли Кэмин – муовини сардори Раёсати мубориза бо терроризм мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, Аламшозода нахуст меҳмононро ба Тоҷикистон шудомадед гуфта, изҳор доштааст, ки сол аз сол ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ самараи дилхоҳ ба бор оварда истодааст.

"Мақсади ташрифи ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии  Чин ба Тоҷикистон тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо ҷиноятҳои фаромилӣ, табодули таҷриба ва шиносоӣ аз шароити хизматии ҳамкорон дар самти мубориза бо терроризм маҳсуб меёбад", —омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала