ВУД эълом кард, ки кадом хиёбонҳо дар ҷашни Соли нав баста мешаванд

© SputnikКорона Сомони
Корона Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода, Бохтар, Бухоро ва Шевкченко ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки вобаста ба истиқболи Соли Нави 2018 дар шаҳри Душанбе барномаҳои идонаи солинавӣ пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои солинавӣ дар майдони "Дустӣ"-и шаҳри Душанбе, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии тамбашавии воситаҳои нақлиёт санаи 31-уми декабри соли ҷорӣ аз соати 16:00 то 24:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи Бухоро, кӯчаи Шероз, аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи Ҷ. Икромӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Бохтар то кӯчаи Шероз ва кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шероз то хиёбони Рудакӣ, манъ карда мешавад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода, Бохтар, Бухоро ва Шевкченко ба роҳ монда мешавад.

Раёсати БДА ВУД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки тартиботи муқарраршударо ҳатман риоя намоянд.
Ҳамзамон ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки аз рӯзи 28-уми декабр то 2-юми январи соли 2018 ҳангоми гузаштан аз мавзеъҳои баргузории чорабиниҳои солинавӣ-арчамайдонҳо боэҳтиёт буда, бехатарии ҳаракати шаҳрвандон-иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0