Туркия аз Русия системи мушакии С-400 "Триумф" мехарад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЗенитный ракетный комплекс (ЗРК) "Триумф" С-400. Архивное фото
Зенитный ракетный комплекс (ЗРК) Триумф С-400. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия ва Туркия имрӯз созишномае барои додани вом ба Анқара барои хариди системи мушакии С-400 имзо карданд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бар асоси созишномае, ки имрӯз дар Анкара имзо шуд, Туркия аз Русия барои хариди системи падофанди ҳавоии С-400 вом дарёфт хоҳад кард.

Пештар раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки Анкара аз Русия вомро ба рубл дарёфт хоҳад кард то дигар кишварҳо муомила миёни ду кишварро бар ҳам назананд.

Системи падофанди мушакии С-400 "Триумф" барои нобудии ҳадафҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, шикорӣ, бумбафкан, чархболҳо, мушакҳои замин ба замин ва миёнбурд сохта шудааст.

Дар паи Туркия Баҳрайн ҳам харидори системи падофанди ҳавоии С-400 "Триумф" шуда буд.

Чанде пеш фармондеҳи Посдорони подшоҳии Баҳрайн шайх Носир бини Ҳамад Оли Халифа гуфта буд, ки Баҳрайн ва Русия барои хариду фурӯши сомонаи мушакии замин ба ҳавои С-400 музокира доранд.

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкМобильная многоканальная зенитная ракетная система (ЗРС) С-400 "Триумф"
Мобильная многоканальная зенитная ракетная система (ЗРС) С-400 Триумф - Sputnik Тоҷикистон
Мобильная многоканальная зенитная ракетная система (ЗРС) С-400 "Триумф"
Лентаи хабарҳо
0