Рейд идома дорад: дар Душанбе навҷавонеро бо 3360 дона афзори оташбозӣ дастгир карданд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Кормандони милиса дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ навҷавони 17-солаеро дар ноҳияи Шоҳмансур ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии афзорҳои оташбозӣ дастгир карданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ин навҷавон 3360-то афзори оташбозии намудҳои "Трения" ёфтаву мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишот давом дорад.

Ҳамасола мавсими шикори фурӯшандаҳо ва харидорони афзорҳои оташбозӣ дар Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Соли нави милодӣ оғоз меёбад.

Пештар кормандони милиса дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷавони 22-солаеро дар Вахш бо 500-то афзори оташбозӣ дастгир карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0