Дар Русия барои ҷарроҳии як писари тоҷик пул ҷамъ мекунанд

© SputnikПросмотр ролика о Бахтовар Саидове
Просмотр ролика о Бахтовар Саидове - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шабакаи телевизионии "Россия 1" дар Татаристон гузорише дар бораи як писари бемори тоҷик Бахтовар Саидов мунташир шуд, ки ба кӯмаки атрофиён ниёз дорад. Бахтовар ба бемории қалб гирифтор асту бояд фавран ҷарроҳӣ шавад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Русия барои ҷарроҳии як писари нараси тоҷик пул ҷамъ мекунанд.

Дар телевизиони "Россия 1" дар Татаристон гузорише дар бораи як писарбачаи бемори тоҷик нишон дода шуд, ки Бахтовар Саидов ном дошта, ба кӯмаки саховатмандон ниёз доштааст. Гузоришро дар бораи ин писаракаи тоҷик дар телевизион дар ҳошияи барномаи "Дети", ки бо мақсади кӯмак ба кӯдакони ниёзманд мунташир мешавад, нишон доданд.

Бахторвар ба бемории  нақси қалб гирифтор будааст. Ин писарбача сокини шаҳри Душанбе аст, аммо бо далеле, ки дар Тоҷикистон ҳаво дар тобистон хело гарм мешавад, наметавонад он ҷо зиндагӣ кунад.

"Духтурон ба мо маслиҳат доданд, ки боду ҳавоямонро дигар кунем. Барои ҳамин мо ба Русия ба Қазон омадем. Аҳволи писарам дар ҳавои сарди Русия беҳтар шуд. Нафасгириаш ҳам хуб шуд",- нақл мекунад модари писарак Шоира Саидова.

Аммо вақтҳои охир аҳволи писарам якбора бадтар шуд, фишораш зуд зуд паст мешавад ва беҳуш мешавад, нақл мекунад модараш.

Бо сабаби беморӣ Бахтовар баъзан дар дарсҳои мактаб намерафтааст. Вай футбол ва хоккейро дӯст медорад, аммо аз дарси тарбияи ҷисмонӣ озод шудааст.

Ба гуфтаи духтури ҷарроҳии дил Артем Костромин вазъи кӯдак умедворкунанда аст. Пизишкон пешгӯи мекунанд, ки саломатии вай дар оянда хуб мешавад. Барои ин вайро бояд ҷарроҳӣ кард.

Барои ҷарроҳии ӯ 460 ҳазор рубл лозим аст, ки хонаводаи онҳо ин миқдор мабалғро надорад.

Ташкилоти хайриявии Русии "Русфонд" эълом кардааст, ки барои ин кори хайр пул ҷамъ мекунад. Тоҷикистониёне, ки ба Бахтовар кӯмак кардан мехоҳанду дар Русия қарор доранд, метавонанд ба рақами 5541 бо навиштаҷоти "Дети"  паёмак равон кунанд. Нархи як паём 75 рубл аст.

Лентаи хабарҳо
0